Queue.tj — маҳсулоти расмии WiseDev
Платформаи электронӣ ва системаи навбати онлайнии Queue.tj (ё «Навбат») пурра аз ҷониби ширкати WiseDev тарҳрезӣ ва таҳия шуда, моликияти ин ширкат мебошад. Офаранда ва муаллифи асосии ин платформа Алиакбар Боистов — муассиси WiseDev мебошад.
Платформа махсус ва мустақилона барои бозори Тоҷикистон — пеш аз ҳама барои салонҳои зебоӣ, сартарошхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ сохта шудааст.



